Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба музокироти Сурия хоҳад рафт?


Ҷавод Зариф ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ
Ҷавод Зариф ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Вазорати хориҷаи Эрон имкони ширкаташ дар нишасти байналмилалӣ доир ба Сурияро , ки дар ин ҳафта дар Вена доир мешавад, баррасӣ дорад. Вузарои хориҷаи Эрону Русия Ҷавод Зариф ва Сергей Лавров рӯзи 28 октябр дар як тамоси телефонӣ бӯҳрони Сурия ва нақшаи ширкат дар музокироти Венаро баррасӣ кардаанд. Амрико рӯзи 27 октябр гуфт, Эрон бояд ба нишасти Вена даъват шавад, зеро “барои муҳим аст, ки шарикони калидӣ дар ин баҳсҳо бошанд.” Ҷон Кирби гуфт, Эрон ҳам метавонад чунин шарик бошад, “вале онҳо ҳанӯз нестанд.” Сухангӯи нирӯҳое, ки алайҳи президенти Сурия Башор Асад меҷанганд, гуфт, ширкати Эрон дар музокироти Вене метавонад расидан ба ҳалли сиёсии бӯҳрони Сурияро мушкилтар кунад. Ҳишом Марво, ноиби раиси эътилофи миллии Сурия ба телевизиони Ал-Арабия гуфт, “ҳузури Эрон музокироти Венаро печидатар мекунад, чунки онҳо бо тарҳи ҳифзи Асад хоҳанд омад.”

XS
SM
MD
LG