Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Путин аз қазияи Умаралӣ огоҳ аст"


Дар акс: Владимир Путин ва Дмитрий Песков
Дар акс: Владимир Путин ва Дмитрий Песков

Сухангӯи Кремл ба расонаҳои Русия гуфта, ки Владимир Путин аз қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар Санкт-Петербург огоҳ аст, аммо таҳқиқашро таҳти назорат нагирифтааст.

Владимир Путин -- раиси ҷумҳури Русия аз қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар Санкт-Петербург огоҳ будааст, ки бо вокунишҳои мухталиф дар Тоҷикистону Русия ва берун аз он рӯ ба рӯ шуд. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи 28 октябр дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфта, ки "ин қазия ба таври васеъ дар расонаҳо бозтоб ёфт ва, албатта, ӯ (Путин) ҳам дар ҷараёни ҳодиса аст." Вале, ба қавли Песков, ҷараёни расидагӣ ба парвандаи ин қазия назорати раҳбари давлати Русияро намехоҳад.

"Ҳар ҳодисаро раиси ҷумҳур наметавонад ба назорати худ бигирад, зеро ниҳодҳои дахлдори давлатӣ вуҷуд доранд, ки ҳар кадоми онҳо бо назардошти салоҳияташон бо чунин масъалаҳо машғул мешаванд," - -афзудааст ӯ.

Умаралӣ Назаров рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ, баъд аз боздошти модараш Зарина Юнусова – шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нақзи муқаррароти муҳоҷират, дар идораи пулис даргузашт. Изҳороти Дмитрий Песков дар ҳоле садо дод, ки ҳомиёни ҳуқуқ аз Шӯрои ҳуқуқи башари вобаста ба раёсати ҷумҳури Русия ба нақша гирифтаанд, 28 октябр ба Санкт-Петербург сафар кунанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар давоми ду рӯзи охир бархӯрд ба парвандаи марги Умаралӣ Назаров тағйир ёфтааст ва акнун на танҳо кормандони тиб, балки кормандони пулис ва хадамоти федеролии муҳоҷират низ аз сӯи додситонӣ ва Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург мавриди бозпурсӣ қарор хоҳанд гирифт.

27 октябр Кумитаи тафтишотӣ ва додситонии ноҳияи Неваи Санкт-Петербург ба падару модари Умаралӣ Назаров пешниҳод кардаанд, ки онҳо метавонанд ҷасади кӯдаки худро бигиранд. Вале баъд аз мулоқот дар консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ҷониби ҳимоя, ки ба он 4 вакили мудофеъ, намояндагони консулгарии фахрии Тоҷикистон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Санкт-Петербург шомил мешаванд, бо падару модари кӯдак ба хулосае расидаанд, ки ҳоло ҷасадро нагиранд ва бори дигар муоинаи мустақили додгоҳиву тиббӣ баргузор шавад.

Умаралӣ Назаров
Умаралӣ Назаров

Ҷониби Русия ба баргузории чунин муоина зид нест. Дар ин муоина акнун ду коршиноси тибби додгоҳӣ аз Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд дошт. Бо вуҷуди он ки ба ҳамаи ҷонибҳо сӯҳбат бо матбуотро мамнӯъ эълон кардаанд ва сабаби онро чун ҳарвақта «халал ворид накардан ба ҷараёни расидагии парванда» арзёбӣ мекунанд, Манучеҳр Ҳамзаев, корманди консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби ҳимоят пофишорӣ дорад, ки бори дувум муоинаи ҷасад анҷом бигирад.

Рӯзи муоинаи такрориро то ҳол эълон накардаанд, вале оқои Ҳамзаев ба баргузории он шубҳа надорад. Дар муоинаи аввал гӯё нишонаҳои озору азият дар бадани кӯдак мушоҳида нашудааст ва дастандаркорон ба хулосае расида буданд, ки Умаралӣ аз вируси шадиди респираторӣ фавтидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ 28 октябр маҳз натиҷаи ҳамин муоинаи ҷониби Русияро эълон кард, вале изҳор дошт, ки кор бо ин ба поён нарасидааст ва таҳқиқ идома дорад.

Ҷониби ҳимоя, инчунин, 27 октябр ба додгоҳи шаҳрии Санкт-Петербург дархост фиристодааст, ки ҳукми 13 октябрро дар бораи «депорт» ё ихроҷи модари кӯдак дар давоми 15 рӯз бекор кунад. Барои расидагӣ ба ин дархост ба ҷуз аз падару модар дар мурофиаи додгоҳӣ вакилони мудофеъ ва намояндагони консулгарии фахрӣ низ ширкат хоҳанд дошт. Додгоҳ бидуни ҳузури падару модар расидагӣ ба парвандаи марги кӯдакро наметавонад ба пуррагӣ такмил кунад.

Эътирози тоҷикон дар назди консулгарии Русия дар Ню Йорк
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим

Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҳоло як намоянда ба Санкт-Петербург рафтааст ва бо ҷониби мақомоти расмии Русия ҳамкорӣ мекунад. Манучеҳр Ҳамзаев мегӯяд, ҷониби тафтишот дар давоми ҳамин ҳафта кормандони пулис ва кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷиратро бозпурсӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Ҳамзаев, ҳоло барои боз кардани парванда бар зидди кормандони пулис ва кормандони хадамоти федеролии муҳоҷират аз рӯи моддаи 249-и Кодекси ҷиноии Русия мавод ҷамъоварӣ шудааст, вале Ҳамзаев бовар надорад, ки бар зидди ин ду ниҳод парванда боз кунанд.

Дар ин рӯзҳо ҷониби ҳимоят падару модар, модаркалон ва тағои кӯдакро бо худ ба Кумитаи тафтишоти ноҳияи Нева бурдаанд ва муфаттишон онҳоро бо парвандае, ки бар зидди кормандони тиббӣ боз шудааст, бо кумаки тарҷумонҳо ошно кардаанд. Ин кор рӯзи ҷумъаи гузашта ва дар ҳузури ду корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, кормандони консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷики муқими Санкт-Петербург анҷом гирифтааст.

Дар матбуот ин сару садоҳо низ дар гардиш аст, ки ба эҳтимоли зиёд бар зидди падару модари кӯдак низ метавонанд парванда боз кунанд. Баъзе коршиносон бар ин ақида буданд, ки моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне «аз беэҳтиётӣ ба марг расондан» метавонад бар зидди волидайни кӯдак низ истифода шавад. Баъд аз ошноӣ бо парвандаи куштор Манучеҳр Ҳамзаев мегӯяд, ки дар парвандаи Умаралӣ Назаров то имрӯз фақат кормандони тиб гунаҳгор дониста мешавад. Бар зидди падару модар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова дар парвандаи мазкур унсурҳои ҷиноят вуҷуд надорад ва дар айни замон ин масъала дар мадди назар нест.

Суоле, ки то ҳол беҷавоб мемонад, ин аст, ки оё баъд аз расидани кӯдак ба дасти кормандони тиббии бемористон наҷот додани вай имкон дошт ва вазъи саломатии кӯдак чӣ гуна буд? Оё расидагӣ ба ин парванда бо он поён нахоҳад ёфт, ки чанд корманди тиббиро ҳамчун масъули куштори кӯдак ба муҷозот кашонанд ва воқеияти куштор зери сарпӯш монад?

XS
SM
MD
LG