Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон раҳоии раҳбари мухолифонро талаб доранд


Эътироз барои раҳоии Ренато Усатий дар Кишинёв
Эътироз барои раҳоии Ренато Усатий дар Кишинёв

Дар Кишинёв-пойтахти Молдова ҳамоиши эътирозӣ идома дорад. Эътирозгарон раҳоии Ренато Усатий-раҳбари боздоштшудаи мухолифонро талаб доранд.

Бино ба гузориши хабаргузориҳо, дар ин эътирозҳо ҳазорон нафар аз минтақаҳои гуногуни Молдова ширкат доранд. Ҳамоиш дар назди бинои додгоҳ кишвар мегузарад. Дар додгоҳ масъалаи тамдиди боздошти Усатийро то 30 рӯзи дигар баррасӣ мекунанд.

Раҳбари мухолифони ҷонибдори Русия рӯзи панҷшанбе дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв баъд аз бозгашташ аз Маскав боздошт шуда буд. Рӯзи шанбе вайро муттаҳам карданд, ки ғайриқонунӣ ба гуфтугӯҳои телефонӣ гӯш додааст

XS
SM
MD
LG