Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ идома дорад


Дар Украина райдиҳӣ дар интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ идома дорад. Ин интихоботро имтиҳоне барои наҷоти эътилофи Петро Порошенко-раиси ҷумҳури ғарбгаро арзёбӣ мекунанд, зеро ин кишвар домангири бӯҳрони амиқи иқтисодист ва муноқиша дар шарқи он идома дорад.

Райдиҳандагон шаҳрдорҳо ва аъзои шӯроҳои маҳаллиро дар саросари кишвар интихоб мекунанд, ба ҷуз аз манотиқи шарқӣ, ки зери назорати ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия қарор дорад ва ҳамчунин ба ҷуз аз нимҷазираи Қрим, ки ба Русия пайвастааст.

Қитъаҳои райдиҳӣ дар Мариупол дар шаҳри ҷанубӣ-шарқии Украина боз нашудаанд. Як узви кумиссиюни маҳаллӣ хабар додааст, ки варақаҳои райдиҳӣ омода набудаанд.

Дар назар гирифта шудааст, ки ҳизби “Солидарност”-и Порошенко мақомҳои бештари шаҳрдорӣ ва шӯроҳои маҳаллиро ишғол кунад. Вале эътибор ё рейтинги Порошенко нисбат ба соли гузаштаи 2014, яъне нисбат ба замоне , ки вай дар моҳи маи соли 2014 раиси ҷумҳур интихоб шуда буд, 26 дарсад поён рафтааст.

Дар ин интихобот “Ҳизби мухолифон “, ки аслан аз аъзои пешини “Ҳизби Минтақаҳо”-и Виктор Янукович иборат аст, мумкин аст бештар суд барад. Ҳизби “Баткившина”-и Юлия Тимошенко низ дар вазъи баде қарор надорад.

XS
SM
MD
LG