Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири Твиттер барои навиштаҳояш узр пурсид


Танзимкунандаи итернет дар Русия аз шабакаи иҷтимоии Twitter пурсидааст, ки оё интиқоди корманди расмии ин шабака Алексей Шелестенко аз раҳбарони Русия бозтоби мавзеъгирии расмии ин ширкат аст? Ин интиқод дар сафҳаи Twitter 23 октябр нашр шуд.

Зоҳиран Шелестенко аз тасмими ахири додгоҳ дар мавриди Алексей Навалний-раҳбари мухолифони Русия ба ғазаб омадааст ва дар Twitter навиштааст, ки раҳбарони Русия аз ҷумла Владимир Путин “дуздони беномус” мебошанд ва онҳо “дер ё зуд муҷозот хоҳанд шуд”.

Шелестенко баъдтар навишт, ки сафҳаи Twitter -и вай “хусусист” ва вай ҳақ дорад нуқтаи назари худро баён кунад.

Роскомнадзор барои рӯшан кардани мавзеъгирии Twitter роҷеъ ба ин “изҳороти шадиди сиёсӣ”-и ШелестенкобаTwitter “номаи расмӣ” фиристодааст. Шелестенко дар сафҳаи Twitter-аш худро мудири Twitter дар ҳамкориҳои матбуотӣ муаррифӣ кардааст.

Баъд аз ин нома Шелестенко барои навиштаҳои худ дар бораи раҳбарони Русия узр пурсидаст ва навиштааст: “Эътироф мекунам, ки каме ба эҳсосот омадам. Ин тавр ҷиддӣ навиштан зарурат надошт, башиш мепурсам”.

Вай навиштаи худро пок кардааст ва гуфтааст, ки он навиштаҳо ақидаи шахсии вай буданд, на нуқтаи назари Twitter.

XS
SM
MD
LG