Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико WikiLeaks-ро барои нашри маълумоти хусусӣ танқид кард


Иёлоти Муттаҳида сомонаи интернетии WikiLeaks-ро дар "рахна кардани бошгоҳҳое" муттаҳам карданд, ки дорои иттилоъ дар бораи хонаводаи мудири Идораи Марказии Иктишофӣ Ҷон Бреннан мебошанд.

Дар баёнияи ИМИ гуфта шудааст. ки чунин рафтор "ҷиноят аст ва аъзои оилаи Бреннан қурбониёни ин ҷиноятанд"

WikiLeaks, ки маъмулан иттилои махфии хидматӣ ва тиҷоратиро ошкор месозад, рӯзи чаҳоршанбеи 21 октябр иттилои аз сӯйи рахнакунандагон дуздидашуда дар бораи мудири ИМИ Ҷон Бреннанро интишор кард.

Ҳамаи ин иттилоъ ба даврае маҳсуб аст, ки қабл аз омадани Бреннан ба тими Обама буд ва иттилои махфии давлатиро доро нест. Дар миёни иттилое, ки дар сомона мунташир шуд, шумораи хусусии андозсупоранда, шумораи шиноснома, суроғаи хешовандон ва дӯстони корӣ ҳастанд.

Дар миёни ҳуҷҷатҳое, ки сомонаи WikiLeaks пахш кардааст, ҳамчунин гузориши иттилоотӣ дар бораи Эрон ҳаст, ки онро Бренан ба раиси ҷумҳури тозаинтихоб Обама дар соли 2009 фиристодааст. Рахнакунандагон изҳор доранд, ки ба почтаи электронии Бреннан дар ҳафтаи гузашта ворид шуда ва ваъда медиҳанд, ки WikiLeaks ҳуҷҷатҳои аз он ҷо гирифташуда дар бораи сиёсати ИМА дар Афғонистон ва Покистонро ошкор месозад.

XS
SM
MD
LG