Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии як хонуми афғон дар интихоботи Канада


Марям Мунсиф

Марям Мунсиф

Як хонуми афғон, ки тақрибан ду даҳсола пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Канада муҳоҷират карда буд, узви парлумони Канада интихоб шуд. Марям Мунсиф, узви Ҳизби либералии Канада, дар интихоботи парлумонии рӯзи 19 октябр назар ба рақибаш аз ҳизби консервативӣ ё муҳофизакорон раъйҳои бештар гирифт. Хонум Марям, ки 30 сол дорад, ҷавонтарин узви парлумон аз ҳавзаи Онтарио маҳсуб мешавад.

Марям Мунсиф, соли 1996, замоне, ки 11 сол дошт, бар асари таъқиби “Толибон” Афғонистонро тарк кард ва ҳамроҳ бо модару ду хоҳараш дар Канада паноҳанда шуд.

Ӯ асосан дар тарҳҳои башардӯстонае кор мекунад, ки ҳадафашон мусоидат ба таҳсили занону духтарон дар Афғонистон аст. Марям яке аз муассисони маъракаи Пашминаи Сурх аст, ки барои таҳсили духтарон дар Афғонистон 150 ҳазор доллар ҷамъ овардааст.

Ҳизби либералии Канада таҳти сарварии Жюстен Трюдо бо ваъдаи ислоҳоту тағйирот дар интихоботи парлумонӣ аз болои ҳизби муҳофизакорон пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG