Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО калонтарин машқи 13 соли охирро баргузор мекунад


Дар бузургтарин машқҳои низомии НАТО дар ҷануби Аврупо 36 ҳазор низомӣ аз беш аз 30 кишвар ширкат мекунанд. Ба гуфтаи муовини дабири кулли ин паймон Александр Вершбоу, ин машқҳо баёнгари он хоҳад буд, ки иттиҳод “қодир аст вазифаҳои гуногунро иҷро кунад: аз амалиёти оддии низомӣ то амалиёти махфии низомӣ ва таблиғот”.

Маросими оғози ин машқҳо 19 октябр дар ҷазираи Ситсилияи Италия баргузор шуд. Ба гуфтаи Вершбоу вазъи ҳозираи ҷаҳон дар муқоиса бо замони Ҷанги сард пуршиддаттар аст. Дар ин замина вай ба тасарруфи Қрим, дастгирии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ва ҳамлаҳо ба мухолифони мӯътадил дар Сурия ва ҳамчунин роҳ ёфтани гурӯҳҳои террористӣ ба Либия ва Сурия ишора кард.

Размоиш 21 октябр оғоз шуда, то моҳи ноябр идома меёбанд. Ин машқҳо қаламрави Испания, Португалия ва минтақаҳои баҳрии ин кишварҳоро фаро мегиранд. Тибқи нақша нерӯҳои иттиҳод ба ҳуҷуми кишвари бузург ба қаламрави кишвари кӯчаки узви ин иттиҳод бояд вокуниш нишон диҳанд. Вершбоу гумонҳо дар бораи нақши ҳамлагари тақаллубӣ доштани Русияро рад кард.

XS
SM
MD
LG