Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи амнияти Форёб бо 18 пулис ба дасти Толибон афтод


Фармондеҳи амнияти ноҳияи Ғурмочи Форёб бо 18 пулис асири Толибон шудааст. Мақомоти амниятии вилояти Форёб мегӯянд, ки фармондеҳи амнияти вулусволи Ғурмоч Абдулҳалим Гилембоқӣ бо 18 пулис пас аз ду рӯзи муқовимат ба дасти Толибон асир шудаанд. Ба гуфтаи фармондеҳи амнияти вилояти Форёб, бар асари даргириҳои ду рӯзи гузашта, 13 тан аз нерӯҳои амниятии афғон кушта шудаанд. Ин манбаъ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои тозанафас аз марказ ба минтақа фиристода шудаанд. Толибон се рӯз қабл ба ин минтақа ҳамла карда ва пас аз оташ задани бинои ҳукумати маҳаллӣ дар ин ноҳия, дубора рӯ ба фирор ниҳодаанд. Толибон дар ҳоли ҳозир дар деҳаҳои атроф бо нерӯҳои амниятӣ даргир мебошанд.

XS
SM
MD
LG