Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғгари Давлати Исломӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен А.У. –ро бо гумони ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба созмони “Давлати исломӣ” ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Қозии додгоҳ Манзура Латифзода хабар дод, ки А.У. дар моҳи феврали соли 2013 ба Сурия сафар карда, ним моҳ дар пойгоҳи тамринотии “Ҷабҳат-ан-Нусра” зистааст. Сипас вай ба Русия баргашта, ба таблиғот ва ҷалби шаҳрвандон, асосан аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафи ин созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон машғул шудааст.

Манзура Латифзода ҳамчунин хабар дод, ки иттилоъ дар бораи А.У.-ро ниҳодҳои интизомии вилояти Суғд аз як сокини маҳаллии дигар пайдо кардаанд, ки низ дар Сурия ҷангида, сипас ихтиёран ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон таслим шудааст. Ба гуфтаи вай, А.У. дар моҳи январи соли ҷорӣ тасмим гирифтааст аз Русия ба Украина сафар кунад, аммо зимни гузаштан аз марз боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

XS
SM
MD
LG