Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳузури ҳудуди 3 ҳазор ҷангии ДИИШ дар Афғонистон


Бино ба хабари торнамои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД), ҳоло дар қаламрави Афғонистон аз 2 то 3 ҳазор тан аз ҷангиёни “Давлати исломӣ” таҷаммӯъ кардаанд.

Ин иттило дар ҷаласаи муъовинони дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Маскав эълон шудааст.

Дар хабари торнамо омадааст: “Ширкаткунандагони ҷаласа Афғонистонро хатари воқеъӣ ба амнияти кишварҳои узви СПАД арзёбӣ карданд. Дар ин нишаст аз эҳтимоли ташаннуҷи авзо дар марзи Туркманистон бо Афғонистон ибрози нигаронӣ шуд”.

Қаблан, Александр Грушко, намояндаи Русия дар НАТО иброз дошт, ки феълан 4 ҳазор тан аз ҷангиёни ДИИШ ба қаламрави Афғонистон ворид шуда ва ин кишвар наметавонад бидуни кумакҳои низомии хориҷӣ суботро барқарор кунад.

Ҳамчунин, ӯ гуфтааст, неруҳои гурӯҳи Толибон ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон наздик шуда ва онҳо беш аз 60 дарсади манотиқи шимоли Афғонистонро таҳти назорати худ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG