Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз гузориши Голландия роҷеъ ба суқути «Боинг» ҳимоят кард


Вазорати корҳои хориҷаи ИМА натиҷаҳои тафтиши суқути ҳавопаймои малайзиро дар фазои Донбасс, ки аз сӯйи Шӯрои амнияти Голландия эълон шуд, «муҳим» номид.

Дар баёнияи вазорат гуфта мешавад, ки гузориши голландиягӣ изҳороти як сол пеши котиби давлатии ИМА Ҷон Керриро тасдиқ кард: ҳавопаймои хатсайри МН17 бо мушаки «Бук» зада шудааст. Он замон дар изҳороти Керрӣ зикр шуда буд, ки таҷҳизоти назоратии амрикоӣ партоби мушак аз қаламрави таҳти назорати ҷудоихоҳонро сабт кардаанд.

Ба гуфтаи намояндаи Шӯрои Милли амнияти ИМА Нед Прайс, таҳқиқоти мустақили Голландия тибқи муқаррароти байналмиллалӣ анҷом ёфта, метавонад асосе барои ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гунаҳкор дар куштори 298 марду зан ва кӯдаки бегуноҳ бошад.

Ҳавопаймои «Боинг-777”-и Малайзия» 17 июли соли 2014 дар фазои Украинаи шарқӣ сарнагун шуда буд.

XS
SM
MD
LG