Пайвандҳои дастрасӣ

Мардумро маҷбур мекунанд, пахтаро ба кӯракҳо часпонанд


Мақомоти вилояти Фарғонаи Узбакистон зимни омодагӣ ба ташрифи нахуствазири он кишвар Шавкат Мирзиёев ба вилоят сокинони маҳаллиро маҷбур кардаанд, ки пахтаи ҷамъоваришударо дубора ба тани ниҳолҳои пахта бичаспонанд. Мақомоти маҳаллӣ аз ин роҳ мехостанд аз “вуҷуди ҳосили зиёд” дар саҳро таъкид кунанд. Вале ин мақсад ноил нашуд, зеро мақоми баландпоя ба вилоят аслан ташриф наовард.

Дар муддати кӯтоҳ роҳҳои ноҳияҳо, ки дар он ҷо ташрифи нахуствазирро интизор буданд, бозсозӣ шуданд. Дар ду тарафи роҳҳо корҳои ободкунӣ анҷом шуда, дар саҳро ба сурати мӯъҷизавӣ дубора пахта пайдо шуд. Дар ин бора ба хабарнигорон як сокини маҳаллӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, ӯ худ шоҳид шудааст, ки дар саҳроҳои ноҳияи Қӯштеппа ҳосили ҷамъоваришударо мардум дар саҳро дубора ба кӯракҳои пахта мечаспонидан ва ҳатто тавонистааст аз ин кор ба телефони мобилиаш аксҳо бардорад.

Дар Узбакистон қаблан низ ҳолатҳое буданд, ки қабл аз ташрифи мақомоти баландпоя мақомоти маҳаллӣ мардумро барои корҳои ободонӣ маҷбур месохтанд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ қабл аз сафари раиси ҷумҳур Ислом Каримов ба вилояти Намангон мақомоти маҳаллӣ сокинонро маҷбур карданд, ки боми хонаҳояшонро ба ранги сурх ранг кунанду ба дарахтон гулҳои маснӯӣ часпонанд.

XS
SM
MD
LG