Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия аз амалкарди Русия эътироз кард


Вазорати умури хориҷии Туркия мегӯяд, ҳавопаймои Русия беиҷоза ба қаламрави ҳавоии он ворид шудааст. Туркия барои ин кор сафири Русияро ба вазорат хонда ва аз ин амалкард эътироз кардааст. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Туркия, ҳавопаймои Русия қаламрави ҳавоии Туркияро дар марз бо Сурия рӯзи 3-уми октябр нақз кард. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки ду ҳавопаймоҳои ҷангии F16-Туркия ҳавопаймои Русияро маҷбур кардаанд, ки аз қаламрави кишвар берун шавад. Дар вазорати умури хориҷии Туркия ба Андрей Карлов, сафири Русия гуфтаанд, агар ҳавопаймоҳои Русия дар оянда қаламрави ҳавоии Туркияро нақз кунанд, “худашон масъули ҳар пешомади нохоста” хоҳанд буд. Мақомоти Туркия гуфтаанд, айни паёми расмиро Фаридун Шириноғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ба Сергей Лавров, ҳамтои руси худ фиристодааст. Туркия ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба баъзе аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG