Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

MSF кор дар шифохонаҳои Кундузро боздошт


Шифохонаи Кундуз, ки дар зарбаҳои ҳавоӣ хароб шудааст. Акс аз MSF
Шифохонаи Кундуз, ки дар зарбаҳои ҳавоӣ хароб шудааст. Акс аз MSF

Созмони Табибони Бидуни Марз (MSF) мегӯяд, баъди ҳамлаи эҳтимолии ҳавоии Амрико ба яке аз шифохонаҳояш дар шаҳри Кундуз, фаъолиятҳояшро дар ин шаҳр боздоштааст. Ин муассисаи имдодӣ ҳамларо ҷинояти ҷангӣ номида ва хостори таҳқиқи мустақилонаи ин ҳодиса шуд. Кристофер Стокес, мудири Табибони Бидуни Марз рӯзи 5-уми октябр гуфт, созмони онҳо талаб дорад, ки бомбборони шифохона дар Кундузро як созмони байналмилалии мустақил мушикофона таҳқиқ кунад. Ба гуфтаи ин созмон дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии рӯзи 3-уми октябр ба шифохонаи Кундуз, 12 корманди созмони Табибони Бидуни Марз ва 10 бемор кушта шуданд. Созмон мегӯяд, ки замони ҳамла дар шифохона ягон ҷангҷӯи Толиб набуд, вале мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Толибон дар ин шифохона камин гирифта, ба сӯи сарбозону ғайринизомиёни афғонро тир меандохтанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки вазорати дифои кишвараш ба таҳқиқи комили ин зарбаҳои ҳавоӣ шурӯъ кардааст.

XS
SM
MD
LG