Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин аризаҳои муфлисшавӣ дар Русия ба додгоҳ расид


Ба додгоҳҳои бархе аз минтақаҳои Русия шаҳрвандони он кишвар муроҷиат карда, хостаанд расман муфлис шинохта шаванд. Тибқи иттилои расонаҳо, ин гуна муроҷиатҳо дар судҳои ҳакамии вилояти Ёқутистон, Томск ва Волгоград сабти ном шудаанд.

Сар аз 1-уми октябр дар Русия қонун дар бораи муфлисии шахсони воқеӣ ба иҷро даромад. Бар асоси ин қонун шаҳвардоне, ки наметавонанд қарзи бонкро пардозанд, метавонанд худро расман муфлис эълон намоянд ва ба ин тариқ аз қарзи бонк озод шаванд. Аз ин меъёри қонун садҳо ҳазор нафар шаҳрванди Русия метавонад истифода барад.

Бино бар арзёбии Вазорати рушди иқтисоди Русия, танҳо дар шаҳр ва вилояти Маскав 4 миллион нафар мехоҳанд, худро муфлис эълон кунанд.

Аммо, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, аз қонуни нав на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд истифода баранд. Сабаб – арзиши гарон доштани тартиби муфлисшавист. Барои бархе аз қарздорон муфлис шинохта шудан аз пардохтани қарз гаронтар меафтад.

XS
SM
MD
LG