Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси созишномае миёни Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии Чжунгтсай Моҳир Сементи Чин дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон се корхона бунёд хоҳад шуд, ки сармояи умумии ин тарҳҳо 145 миллион доллари амрикоӣ будааст.

Дар назар аст, бо ин сармоя дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои сементбарорӣ бо тавоноии истеҳсоли 1,2 миллион тонна маҳсулот дар як сол, гаҷкартон ( 1 миллион метри мураббаъ) ва халтаҳои семент ( 80 миллион адад) қомат рост кунанд.

Ноҳияи Ёвон дар муқоиса бо навоҳии вилоят дар бахши саноат пешрафт карда, дар ин ноҳия корхонаҳои азим фаъолият мекунанд ва дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нав? садҳо тан аз сокинон бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG