Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозиҳо дар Қарабоғи Куҳӣ идома доранд


Вазири мудофиаи Арманистон Сейран Оганян ба Қарабоғи Куҳӣ рафтааст. Бино бар хабари расмӣ, Оганян ва президенти Қарабоғи Куҳӣ Бако Саакян дар бораи масоили сохтмонҳои ҳарбӣ суҳбат мекунанд.

Аз Қарабоғи Куҳӣ хабар мерасад, ки шаби гузашта низ дар хатти марз дигарбора садои тирпарронӣ шунида шудааст, ҳарчанд вазъ назар ба рӯзҳои қаблӣ оромтар будааст.

“Вазъият мутаносибан муътадил аст, ҳарчанд рақибон режими оташбасро риоя намекунанд. Барои мисол, онҳо беш аз 100 бор оташбасро вайрон карда, ҳамлаи ҷавобӣ гирифтанд. Хушбахтона, мо талафот надодем”, - гуфтааст раҳбари дастгоҳи президенти Қарабоғи Куҳӣ Давид Бабаян.

Бино бар гуфтаи вай, ҷониби Озарбойҷон истифода аз минометҳоро идома медиҳад. Ин иттилоъро дар вазорати мудофиаи Арманистон низ тасдиқ карданд.

Вазъи шаш хидматчии ҳарбие, ки охири ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ҳамлаи мушакии неруҳои Озарбойҷон захмӣ шуданд, “вазнини миёна” арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG