Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамошои ройгони бозиҳои футболи Осиё-2016


Тамошои мусобиқоти футболи даври интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2016 дар миёни ҷавонони синни зери 19 сол дар шаҳри Душанбе ройгон хоҳад буд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни эъломи ин хабар гуфтааст, ки ҳаводорони футболи Тоҷикистон метавонанд сабқати дастаҳои Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн ва Малдив дар гурӯҳи «F»-ро тамошо кунанд.

Ин мусобиқот дар рӯзҳои аз 2 то 6 октябри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Дар назар аст, дар рӯзи аввали мусобиқоти футбол дар рӯзи ҷумъаи 2 октябр дастаҳои Баҳрайну Малдив (соати 15.00) ва Тоҷикистону Ироқ (соати 18.00) зӯрозмоӣ кунанд. Дар рӯзҳои 4 ва 6 октябр бозиҳои дастаи Тоҷикистон бо Баҳрайн ва Малдив анҷом хоҳад шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисони футболи кишвар даъват кардааст, ки бо ширкати густурдаи худ дар Варзишгоҳи марказӣ ба дастаи футболбозони ҷавони тоҷик ҳаводорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG