Пайвандҳои дастрасӣ

Кофтукови додситонӣ дар хонаи ҳамкори Озодӣ дар Боку


Ислом Шихалӣ

Ислом Шихалӣ

Пулис дар Боку хонаи як ҳамкори бахши озарии Радиои Озодиро кофтуков кардааст. Ин амалиёт рӯзи 26 сентябр анҷом гирифтааст ва гӯё сабаб ин будааст, ки Ислом Шихалӣ андоз пардохт накардааст.

Нотбук, дастгоҳи наворбардорӣ, микрофон, телефони ҳамроҳ ва ҳамаи чекҳои бонкӣ ва картаи вай мусодира шудаанд. Баъдтар ба ҷуз аз шиноснома, ҳамаи ҳуҷҷатҳои Шихалӣ боз гардонида шудаанд.

Дар давоми ҷустуҷӯи хона худи Шихалӣ ҳузур надоштааст ва ҳамхонаи вай Орхан Рустамзода барои бозпурсӣ ба дафтари додситонӣ бурда шудааст ва якуним соат ба суолҳо ҷавоб додааст.

Рустамзода ҳамон рӯз раҳо шудааст ва ба вай гуфтаанд, ки Шихалӣ бояд 28 сентябр барои бозпурсӣ ба додситонӣ ҳозир шавад.

XS
SM
MD
LG