Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи ҷонбохтагони ҳаҷ ба 717 нафар расид


717 нафар ҳоҷиён дар ҷараёни адои маросими ҳаҷ дар шаҳраки Мино дар наздикии Макка дар талотуме зери по мондаанд ва ҷон доданд. 803 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомти зидахли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ҳоҷиёни тоҷик касе осеб надидааст.

Дар давоми 25 соли охир дар ҷараёни адои маросими ҳаҷ фоҷиае ба ин миқёс рух надода буд.

Ожонси дифои шаҳрвандии Арабистони Саъудӣ дар ин бора ба хабаргузориҳо гузориш додааст. Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки ҳоҷиён саъй мекарданд дар Ҷамарат ба шайтони рамзӣ санг зананд.

Тақрибан 2 миллион зоирон дар сангзанӣ ба шайтони рамзӣ ширкат карданд ва он яке аз маросимҳои аслии ҳаҷҷи 5 рӯзаи зоирон дониста мешавад.

Дар оғози маросимҳои ҳаҷ низ крани сохтмонӣ ба рӯи Масҷиди Ҷомеъ афтод ва дар он 107 нафар кушта, 350 нафар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG