Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод: Питовдашт Раҳмонобод номгузорӣ шавад


Сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки моҳи июли соли ҷорӣ бар асари офати табиӣ манзилҳои зисти худро аз даст дода буданд, пешниҳод кардаанд, то шаҳраки тозабунёд “Раҳмонобод” номгузорӣ шавад.

Бар асари офати табиӣ дар нимаҳои моҳи июл деҳаи Барсем хароб шуда буд ва барои 82 хонаводаи зиёндидаи ин деҳа дар мавзеи мавсум ба Питовдашт хонаҳои нав бунёд шуд.

Ғайрат Маҳмадшоев, як сокини Питовдашт ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бо як мактуби расмӣ ба ҳукумати вилояти Бадахшон муроҷиат кардаанд, ки исми маҳали зисти онҳоро “Раҳмонобод” ном гузоранд. Ӯ мегӯяд, ба хотири эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар мехоҳанд, исми маҳали зисташонро дигар кунанд.

"Мо ҳама молу мулкамонро аз даст додем. Президент ваъда кард, ки ҳамаашро бармегардонем, аммо дили мо пур набуд. Лекин дар байни ду моҳ мо соҳиби хона шудем ва ҳатто аз хонаҳои пештараамон ҳам хубтар ҳастанд. Ба ин хотир, мо намехоҳем ин некии сарвари давлатро фаромӯш кунем ва номи шаҳракро Раҳмонобод мегузорем",- гуфт ӯ.

Бар асари офати табиӣ дар нимаи моҳи июл ва аввалҳои моҳи июл дар вилояти Бадахшон ва минтақаи Рашт даҳҳо манзили зист осеб дид. Аммо тибқи иттилои расмӣ, дар давоми 50 рӯз барои осебдидагони офати табиӣ хонаҳои нав бунёд шудааст.

XS
SM
MD
LG