Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо масъалаи паноҳҷӯёнро баррасӣ мекунад


Доналд Туск
Доналд Туск

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки 1 миллиард евро (баробар бо 1,12 миллиард доллар) барои ҳимоят аз паноҳҷӯёни Сурия ба урдугоҳҳои паноҳҷӯён дар Туркияву Урдун ва Лубнон диҳанд.

Онҳо ҳамчунин розӣ шуданд, ки дар Юнону Италия ва мисли ин кишварҳо, ки дар хати муқаддам қарор доранд, то охири моҳи ноябр “нуқтаҳои доғ” ташкил шаванд. Ин нуқтаҳои доғ муҳоҷиронро зуд сабти ном ва онҳоеро муайян мекунанд, ки ба паноҳандагӣ ниёз доранд.

Дар ин бора Доналд Туск-раиси Шӯрои Аврупо баъд аз нишасти 7 соата бо раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.Туск гуфт, ин тадбирҳо ба бӯҳрон поён намебахшад, вале қадамҳои дуруст дар ин роҳ аст.

XS
SM
MD
LG