Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои 10 миллиард доллари Пугачёв аз Русия


Путин бо Пугачёв, акс аз бойгонӣ
Путин бо Пугачёв, акс аз бойгонӣ

Сергей Пугачёв яке аз нухбагони пешини Русия, ки замоне аз вай “бонкири Путин” ном мебурданд ва таъсири зиёде ба Кремл дошт, бар зидди Русия ба маблағи бештар аз 10 миллиард доллар даъвои додгоҳӣ пешниҳод кардааст. Вай гуфтааст, ки баъд аз берун мондани вай аз доираи тараҳҳуми раиси ҷумҳур империяи тиҷоратии вайро аз байн бурдаанд.

Ин даъво рӯзи душанбе ба Маҷлиси доимии додгоҳи доварони Ҳейг супурда шудааст. Дар ин бора як манбаи наздик ба Пугачёв ба хабаргузории Ройтерз гузориш додааст. Вакилони мудофеи Пугачёв рӯзи сешанбе даъвои зидди Русияро ба Порис хоҳанд супурд.

Акнун Русия ба ду чолиши додгоҳӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Соли 2014 ҳамин додгоҳ Русияро водор кард, ки 50 миллиард доллар барои аз худ кардани дороиҳои ЮКОС пардохт кунад. ЮКОС бузургтарин талидкунандаи нафти Русия он вақт зери раҳбарии Михаил Ходорковский фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG