Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қатар хостори ҳамкориҳои бештар шуданд


Нахуствазирони Қатару Тоҷикистон сатҳи равобит ва роҳҳои густариши бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ин ду кишварро баррасӣ кардаанд. Бино ба хабари сайти “gulf-times.com”, нахуствазир ва вазири умури дохилаи Қатар Шайх Абдулло бин Халифа Ал-Сонӣ зимни дидор бо Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷики худ дар шаҳри Доҳа дар канори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ масоили минтақавию байналмилалиро баррасӣ кардааст. Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳонаш дар ҷараёни дидор аз Қатар аз Осорхонаи ҳунари исломӣ, ки дар он ҷо ашё, кутуб, дастхатҳо, сиккаҳои нуқраю мисӣ ва ашёҳои бостонии Қатар маҳфуз аст, дидан кардаанд.

XS
SM
MD
LG