Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии мухолифини Путин дар Маскав


Ҳазорон тан аз фаъолони мухолифини Русия ва тарафдорони онҳо рӯзи 20 сентябр дар Маскав дар раҳпаймоӣ таҳти шиори “Митинг барои тағйири қудрат” ширкат карданд. Ин раҳпаймоӣ дар ҷануби Маскав дур аз маркази шаҳр гузашт. Тазоҳургарон шиорҳои Русия ва эътилофи ПАРНАС-ро дар даст доштанд. Бисёриҳо бо худ шиорҳои марбут ба сиёсатмадори мухолиф Борис Немтсовро, ки моҳи феврал кушта шуд, оварда буданд. Вале мунтақидон мегӯянд, ки ин овоздиҳӣ ҳамроҳ бо тақаллуби фаровон доир шудааст.

XS
SM
MD
LG