Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори дастаҷамъии 56 сарбози Сурия


Бино ба хабарҳо, ҷангиёни исломӣ 56 сарбози Сурияро дар як пойгоҳи ҳавоии тасарруфшуда ба сурати дастаҷамъӣ паррондаанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, бо такя ба манобеаш дар дохили ин кишвари арабӣ рӯзи 19 сентябр хабар дод, ки ин куштори дастаҷамъӣ чанд рӯз пеш дар пойгоҳи ҳавоии Абӯ-ал-Дуҳур сурат гирифтааст. Ин пойгоҳ дар вилояти Идлиб рӯзи 9 сентябр аз сӯи Ҷабҳат-ан-Нусра, як гурӯҳи ҷангии марбут ба шабакаи Ал-Қоида тасарруф шуда буд. Ромӣ Абдулраҳмон, мудири Дидбони ҳуқуқи башар гуфт, хабари куштори ин 56 сарбоз бо аксҳоро шоми ҷумъа аз шоҳидони айнӣ дастрас кардаанд.

XS
SM
MD
LG