Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми модари 5 фарзанд барои 45 кило ҳероин


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Красногвардейски шаҳри Санкт-Петербурги Русия Сабоҳат С-ва ном зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин зан, ки 5 фарзанд дорад, дар талоши фурӯши 45 кило ҳероин айбдор мешавад. Сабоҳат С-ва тобистони соли 2014 дастгир шуда буд. Додгоҳ ин занро 200 000 рубл ҷарима ҳам бастааст.

XS
SM
MD
LG