Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронӣ аз афзоиши хатари тундгароӣ дар Қирғизистон


Намояндаи баландмақоми ниҳодҳои амниятии Қирғизистон изҳор дошт, ки дар ин кишвар хатари терроризм ва тундгароӣ алайҳи давлат, ҷомеа ва шахсият бештар мешавад.

Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Рустам Мамасадиков ҳамчунин дар бораи иқдомоти КДАМ барои ошкорсозӣ ва ҷилавгирӣ аз ин гуна ҷиноятҳо ва тақвияти мубориза бо терроризм ва тундгароӣ хабар дод.

Мамасадиков ҷаласаи Шӯрои мудофиа зикр кард, ки ин умур бо дарназардошти вазъият дар Ховари Миёна ва фаъолшавии бархе аз созмонҳои террористӣ ва тундгаро дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон анҷом дода мешаванд.

Дар ин ҷаласа раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев зикр кард, ки дар солҳои ахир давлат ба масоили сиёсати динӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз терроризм ва тундгароӣ, ҷилавгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони Қирғизистон ба сафи созмонҳои ифротӣ диққати вижа медиҳад. Ба эътиқоди раисиҷумҳур, ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз ин хатарҳо фаъолияти худро тақвият диҳанд.

XS
SM
MD
LG