Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ боздиди расмии Назарбоев оғоз мешавад


14 сентябр боздиди расмии Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Тоҷикистон оғоз мешавад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид миёни ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад.

Мақомоти Тоҷикистон Аҳдномаи ҳамкориҳои стротегии ин ду кишваарро санади муҳим арзёбӣ мекунанд. Илова бар ин 5 санади дигари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳанг, варзиш, маориф, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони якдигар ва ҳимояти технологияи иттилоот ба имзо мерасанд.

Нурсултон Назарбоев баъд аз хатми боздиди расмӣ дар нишасти раҳбарони созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ва ё СПАД, ки як рӯз баъд дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG