Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафт дар музокироти сулҳи Укураина дар Берлин


Франк-Волтер Штайнмайер
Франк-Волтер Штайнмайер

Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон гуфт, дар ҳали муноқишаи шарқи Украина “пешрафти қобили мулоҳиза” ба даст омадааст. Баъд аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷаи Русияву Фаронса ва Украина Штайнмайер 12 сентябр дар Берлин гуфт, вазирон роҳҳои ҳали баъзе мушкилотро баррасӣ карданд.

Вай изҳори умед кард, ки ба зудӣ дар бораи берун овардани аслиҳа аз минтақаҳои муноқишаи миёни нируҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия созишнома ба имзо мерасад.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки то ҳол роҷеъ ба баргузории интихобот дар минтақаҳои зери назорати шӯришиён ихтилофи назар боқӣ мондааст, вале дар маҷмуъ ин мушкилот метавонад рафъ шавад.

XS
SM
MD
LG