Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сокини Панҷакент бо 5 сар гов дар Узбакистон


Марзбонони Узбакистон мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми дуздии чорво дастгир кардаанд. Бино ба гузориши дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи марзҳои давлатии Кумитаи амнияти миллии Узбакистон, сокини рустои Бешюзи ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон О.Тошев соати чоруними рӯзи 4 сентябр дар ҳудуди рустои марзии Маданияти ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Узбакистон ҳангоми аз марз гузарондани 5 сар чорвони калон дастгир шуд. Марзбонони Узбакистон мегӯянд, О.Тошов бо худ ягон санад надошт ва ҳам маълум шуд, ки ӯ ин 5 сар говро аз подаи Н.Саримсоқов ном сокини рустои Маданият дуздидааст. Кумитаи марзбонии Узбакистон бо нашри ин хабар афзудааст, “ҷониби Узбакистон бори дигар аз ҳамтоёни тоҷикаш даъват мекунад, то ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вайрон кардани марзи давлатӣ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ва дуздии чорвои мардум аз сӯи онҳо чораҳои лозимро бияндешад.”

XS
SM
MD
LG