Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Як ҳафта боз Донбасс ором аст


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 5-уми сентябр изҳор намуд, ҳафтаи гузашта нахустин ҳафтае буд, ки созиши Минск дар бораи оташбас дар Донбасс пурра иҷро шуд. "Як ҳафта боз дар ҷабҳа тирандозӣ сурат намегирад. Аввалин ҳафта, ки созиши Минск иҷро мешавад ва дар задухӯрду аз тирандозӣ одамон кушта намешаванд", гуфт сарвари Украина дар як нишаст дар Киев қабл аз имтиҳони афроде, ки ба озмун барои ишғоли мақомҳои додситон роҳ ёфтаанд.

Ҳамзамон ӯ иқрор кард, ки баъзе аз сарбозҳо дар минаҳои гузошташуда ҷароҳат бардоштаанд.

Петро Порошенко дар робита ба “формати Нормандия” дар гуфтушунид оид ба ҳалли бӯҳрони Украина гуфт, ки ин “формат” на фақат маънои пуштибонии Олмону Фаронса, балки маънои пуштибонии ҳама олам – аз Амрикову Канада то Ҷопону Австралия аз Киевро дорад.

Моҳи июни соли гузашта ҳангоми таҷлил аз 70-солагии вуруди нерӯҳои ҳампаймон ба минтақаи Нормандияи Фаронса сарони Олмон ва Фаронса барои нахустин бор миёнарав дар музокироти миёни Маскав ва Киев шуданд. Аз ҳамон замон ҳама гуна нишасту музокирот бо ширкати ҳайатҳои чаҳор кишвар – Украина, Русия, Олмон ва Фаронса «формати Нормандия» ном бурда мешаванд.

Бар асари низоъ дар шарқи Украина сар аз моҳи апрели соли гузашта беш аз 6500 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG