Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД: Ба ҳамлаҳо шахсан Ҳоҷӣ-Ҳалим раҳбарӣ мекард


Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифои Тоҷикистон 9 тан аз ҳамлагарон, бо шумули корманди собиқи милиса Зиёраддин Абдуллоев, кушта ва 5 тани дигар дастгир шудаанд. Вазорат ҳалокати 4 корманди милисаи Ваҳдат ва 4 афсари ОМОН ва тасарруфи аслиҳаи зиёд аз сӯи ҳамлагаронро низ тасдиқ кардааст.Дар хабари нашршуда дар сомонаи вазорати гууфта мешавад, ки ин ҳамлаҳоро генерал Абдуҳалим Назарзода “шахсан раҳбарӣ кардааст.” Назарзода дар ин хабар узви ҳизби наҳзати исломӣ муаррифӣ шудааст. Қаблан сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 4 сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода “бинобар сабаби содир намудани ҷиноят” аз мақоми муовини вазири дифои Тоҷикистон озод карда шуд. Шарҳи дигар ин қарор наомадааст, вале барканории Назарзода, мулаққаб ба “Ҳоҷӣ-Ҳалим”, ки аз фармондеҳони собиқи мухолифин буд, ҳамагӣ чанд соат баъд аз ду ҳамлаи мусаллаҳонаи шаби 4 сентябр содир шуд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, дар ин ҳамлаҳо 8 тан аз афсарони пулис низ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG