Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоҷӣ-Ҳалим аз мақом барканор шуд


Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода

Рӯзи 4 сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода аз мақоми муовини вазири дифои Тоҷикистон “бинобар сабаби содир намудани ҷиноят” озод карда шуд. Дар қарори раиси ҷумҳур дар бораи барканорӣ чӣ гуна ҷиноят содир кардани муовини собиқи вазири дифо шарҳ дода нашудааст, вале барканории Назарзода, мулаққаб ба "Ҳоҷӣ -Ҳалим", ки аз фармондеҳони собиқи мухолифин буд, чанд соат баъд аз ду ҳамлаи мусаллаҳона дар ноҳияи Ваҳдат ва шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳои субҳи 4-уми сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи пулис дар назди фурудгоҳи Душанбе, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, 10 нафар, аз ҷумла 8 корманди милиса ҷон бохтаанд.

Тафсилоти бештари ин хабар инҷост:

http://www.ozodi.org/content/article/27225792.html

XS
SM
MD
LG