Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Розенблюм ба Тоҷикистон поён меёбад


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини ёвари вазири умури хориҷии ИМА масоили муқобила бо гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқоти рӯ ба рӯбо Даниэл Розенблюм, муовини ёвари вазири умури хориҷии ИМА, ки 2 сентябр дар Душанбе доир шуд, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши мубориза бо терроризму экстримизмро низ баррасӣ карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҷаноби Раҳимзода, аз кӯмаку ҳамкориҳои сафорати Амрико таъриф карда гуфтааст, ин ниҳод барои мубориза бо терроризм ва ҷинояткорӣ пайваста кӯмакҳои техникӣ мерасонад. Ҳамзамон мавзӯи ислоҳоти милитсия низ дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор доштааст.

Инчунин рӯзи 2 сентябр дар Душанбе Розенблюм бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дидору гуфтугӯ кард. Ба иттилои радиои Озодӣ, дар ин мулоқот вазъи имрӯзаи созмонҳои ҷамъиятӣ, тафтиши кори ин созмонҳо аз ҷониби ҳама сохторҳои давлатӣ баъди ворид шудани тағйирот ба қонуни фаъолияти ин ташкилот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Даниэл Розенблум, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ шаби 30 август, баъди анҷоми боздидаш аз Тошканд, бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд. Вай дар Тошканд аз Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон, даъват карда буд, ки кишвараш ба Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ҳамроҳ шавад. Ин мақоми баландпояи амрикоӣ , ки дар ҷараёни сафари кории худ ба Тоҷикистон бо Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ мулоқот кард.

Ҳарчанд дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди даъват шудани Тоҷикитсон ба эътилофи зидди “Давлати Исломӣ” чизе намегӯяд, аммо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишварро дар мубориза бо терроризми байнламилалӣ матраҳ карданд. Сафари кори Даниэл Розенблум дар Тоҷикистон 3-юми сентябр анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG