Пайвандҳои дастрасӣ

Президент рафт. Бозори Кӯлоб дубора боз шуд


Cубҳи имрӯз дар Кӯлоб дари бозору дӯконҳо баъди рафтани раисҷумҳур дари худро ба рӯи муштариён боз карданд. Дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон аз 31 август то 2 сентябр дари бозору дӯконҳо дар Кӯлоб баста буд ва сокинон бештар лавозимоти худро аз ноҳияи Восеъ харидорӣ карданд. Раҳматулло Миров, як фурӯшандаи бозори «Саховат»-и Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз ба онҳо расман иҷозат доданд, ки дари дӯконҳои худро ба муштариён боз кунанд. Ба гуфтаи ин тоҷир, дар давоми се рӯз кори тоҷирон монда буд ва сокинони маҳаллӣ, ки барои шурӯи соли нави таҳсил омодагӣ медиданд, ба бозори ноҳияи Восеъ рафта эҳтиёҷоти худро қонеъ карданд.

Барои нахустин бор аст, ки дар ҷараёни сафари президент ба Кӯлоб дари дӯкону бозорҳо баста мешавад. Ҷамилаи Раҷабалӣ, як сокини шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дирӯз маҷбур шуд аз ноҳияи Восеъ рафта барои фарзандон либос харад. Ба гуфтаи ӯ, сокинони ҷамоатҳои Даҳана ва Зиракӣ низ барои харидории либос ва дигар лавозимоти мактабӣ ба Восеъ рафта будаанд.

XS
SM
MD
LG