Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Порис амният дар нақлиёт баррасӣ мешавад


Вазирони умури дохилӣ ва нақлиёти нӯҳ кишвари Аврупо дар нишасте дар пойтахти Фаронса рӯзи 29 август мавзӯи боло бурдани сатҳи амният дар нақлиёт баъд аз тирандозӣ дар қатори масири Амстердам-Порисро баррасӣ мекунанд.

Мақомоти Фаронса пешниҳод кардаанд, ки амният дар нақлиёт тақвият дода шавад. Дар нишасти Порис вазирон, аз ҷумла, сари масъалаҳои имкони гузоштани таҷҳизоти ҷустуҷӯи металл дар қаторҳои хатсайри байнулмилалӣ, бо силоҳу дигар лавозимоти муосир таъмин кардани кормандони полис ва табодули ахбор дар бораи эҳтимоли ҳамла дар нақлиёт изҳори назар хоҳанд кард.

Дар нишаст намояндагони Фаронса, Бритониё, Олмон, Италия, Испания, Белгия, Люксембург, Ҳолланд ва Швейсария ширкат мекунанд.

Ҳамла дар қатори Thalys, ки аз Амстердам сӯи Порис ҳаракат мекард, 21 август сурат гирифт. Дар натиҷаи тирандозӣ аз сӯи шаҳрванди Марокаш Аюб Қаззонӣ, се нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлагар аз сӯи худи мусофирон безарар гардонида шуд.

XS
SM
MD
LG