Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи аввалини зоирони тоҷик ба Мадина рафтанд


Гурӯҳи нахустини ҳоҷиёни имсолаи Тоҷикистон рӯзи 29 август тавассути ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" аз Душанбе ба шаҳри Мадина рафтанд. Дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мегӯяд, гурӯҳи аввал аз 181 нафар иборат буд ва ҳоло "дар меҳмонхонаҳои муҷаҳҳаз дар масофаи аз 100 то 150 метр аз ҳарами набавӣ иқомат менамоянд". Дар ин сафар ҳоҷиёни тоҷикро гурӯҳи табибон низ ҳамроҳӣ доранд. Имсол барои зиёрати Хонаи Худо аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар хоҳанд рафт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба далели зиёдии довталабони Ҳаҷ имсол қарор шудааст, афроди асосан синнашон аз 35-сола боло барои зиёрати Каъба бираванд.

XS
SM
MD
LG