Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисмате аз қарзи Украинаро бахшиданд


Наталия Яреско, вазири молияи Украина
Наталия Яреско, вазири молияи Украина

Наталия Яреско, вазири молияи Украина гуфт, кишвараш бо муассисаҳои байналмилалии молӣ дар мавриди бахшидани қисмате аз қарзи 18 миллиардолларӣ ва таъхир дар пардохти бақияи он ба мувофиқа расидааст. Ба гуфтаи Наталия Яреско, бар асоси созиш бояд 20 дар сади қарзи Украинаро бубахшанд ва ин пул барои арсаи иҷтимоӣ ва низомӣ сарф мешавад. Бақияи қарзро Украина бояд то соли 2019 баргардонад. Вазири молияи Украина афзуд, тавофуқи ҳосилшуда ба тамоми шартҳои гузоштаи Сандуқи Байналмилалии Пул барои идомаи кӯмаки молӣ ба Украина мувофиқ будааст. Антон Силуанов, вазири молияи Русия гуфт, дар ин тавофуқ ширкат накардааст. Украина бояд то моҳи декабр се миллиард доллар қарзи давлатии Русияро баргардонад.

XS
SM
MD
LG