Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марз бо Тоҷикистон як марзбон гум шудааст


Қарамиқ
Қарамиқ

Як марзбони қирғиз дар марз бо Тоҷикистон гум шудааст. Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ин марзбон, ки дар тирамоҳи соли 2014 ба хидмат даъват шуда буд, бино ба маълумоти аввалия, дар заставаи Қарамиқ раҳгум задааст. Қарамиқ бо ноҳияи Ҷиргатол дар водии Рашти Тоҷикистон ҳаммарз аст. Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 900 километр марзи мустақим доранд.

XS
SM
MD
LG