Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Масъуд Муллоҷонов


Масъуд Муллоҷонов, нависанда, журналист ва падари Парвиз Муллоҷонов - аз таҳлилгарони шинохтаи тоҷик рӯзи 23 август дар синни 86-солагӣ дар Душанбе даргузаштааст. Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Масъуд Муллоҷонов чанд сол муҳаррири маҷаллаи “Помир” буда, дар “Шарқи сурх” низ дар бахши танқиди адабӣ кор кардааст. “Масъуд Муллоҷонов соли таваллудашонро чунин баён мекарданд - вақте Абулқосим Лоҳутӣ ба Тоҷикистон омада, раиси Иттифоқи нависандагон шуд, ман таваллуд шудаам,” – афзуд ӯ. Ба қавли Мӯъмин Қаноат, Масъуд Муллоҷонов бештар ба забони русӣ эҷод карда, матлабу осори адабияш дар маҷаллаҳои дар Шӯравии собиқ машҳури "Дружба народов" ва"Литературная газета" ба чоп расидааст.

XS
SM
MD
LG