Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи иқтисоди Чин сармоягузоронро тарсонд


Яке аз бандарҳои шаҳри Шанхайи Чин
Яке аз бандарҳои шаҳри Шанхайи Чин

Нигаронӣ аз суст шудани рушди иқтисоди Чин, бозорҳои молии ҷаҳониро такон дод ва қиммати саҳҳом дар аксари кишварҳои пешрафта поин омад. Дар Амрико қимати саҳҳом ба ҳадде поин омад, ки дар чаҳор соли гузашта дида нашудааст. Дар Фаронса ва Олмон низ вазъи бозорҳои молӣ хуб набуд. Қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 40 доллар барои як бушка нафт ҳам поинтар омад, ки баъди бӯҳрони молии соли 2009 бори аввал аст. Иқтисоди азими Чин тайи чандин соли ахир бо истеҳсоли зиёд ва хароҷоти бузург барои сохтмони хонаву роҳу пулҳо ба муҳаррики бузурги иқтисоди ҷаҳонӣ табдил шуд, вале моҳҳои ахир дар он нишонаҳои суст шудани рушди иқтисодӣ дида мешавад. Иқтисодҳои Русия, Қазоқистон, Эрону Ироқ, Австралия ва Канада, ки бо фурӯши нафту газу, фулуззот ва орду гӯшт ба Чин пешрафт доштанд, ҳоло аз кам шудани талабот ба молашон сахт осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG