Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил хостааст, ба Эрон ҳамла кунад, вале..


Эҳуд Барак, нахостааст, нақшаи ӯ ифшо шавад, вале артиши Исроил иҷоза додааст.
Эҳуд Барак, нахостааст, нақшаи ӯ ифшо шавад, вале артиши Исроил иҷоза додааст.

Як телевизиони Исроил рӯзи 21-уми август гузориш дод, ки мақомот дар чанд соли гузашта се дафъа имкон надодаанд, ки нақшаи бомборони таъсисоти атомии Эрон амалӣ шавад. Шабакаи 2-уми Исроил сабти суҳбати Эҳуд Барак, вазири дифоро нашр кард, ки мегӯяд, ӯ нақшаи бомборони таъсисоти атомии Эронро омода кард ва ризоияти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро ҳам ба даст овард. Вале ба гуфтаи Эҳуд Барак, бори аввал дар соли 2010 Габи Ашкиназӣ, фармондеҳи артиши Исроил ба далели омода набудани артиш ба иҷрои чунин нақша иҷоза надодаст, ки ба Эрон ҳамла шавад. Бори дуввум баъди мухолифати вазирони пархошҷӯи Исроил Моше Яаалон ва Ювал Стейнитз ба бомборони таъсисоти атомии Эрон аз иҷрои ин нақша даст кашидаанд. Бори саввум Исроил соли 2012 барои он ба Эрон ҳамла накардааст, ки он замон тамриноти низомии Амрикову Исроил идома доштааст ва дар чунин ҳолат ҳамларо номуносиб донистаанд. Шабакаи 2-уми Исроил гуфт, ки Эҳуд Барак кӯшиш кардааст, хабари мазкур нашр нашавад, вале артиши Исроил ба нашри ин хабар иҷоза додааст. Моше Яаалон ва Ювал Стейнитз аз қарори артиш барои иҷозаи нашри ин хабар изҳори ҳайрат кардаанд. Гузориши мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки Исроил тарғиботи васеъеро ба зидди тавофуқи атомии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Бар асоси ин созиш, Эрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар иваз таҳримоти сахти иқтисодӣ алайҳи он кишварро аз байн бардоранд.

XS
SM
MD
LG