Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Македония алайҳи ҳазорон муҳоҷироне, ки талоши убур аз марзи кишвар бо Юнонро карданд, аз гази ашковар истифода бурд.

Рӯзи 21-уми август издиҳоми иборат аз тақрибан се ҳазор муҳоҷир талош кард, ки аз Юнон вориди хоки Македония шавад. Ба иттилои полиси Юнон, бар асари муқовимат аз сӯи полиси кишвари ҳамсоя, дасти кам ҳашт нафар ҷароҳат бардоштанд.

Полиси Македония тавассути зиреҳпӯшҳо атрофи роҳи оҳанро, ки аз тариқи он муҳоҷирон вориди кишвар мешуданд, бо симхор печонд.

Рӯзи панҷшанбе ҳукумати Македония дар вилоятҳои марзӣ вазъи фавқулодда ҷорӣ намуд. Ҳукумати Скопие ҳушдор дод, ки дар сурати зарурат барои ҳифзи марз аз "меҳмонони нохонда" низомиён ҳам сафарбар хоҳанд шуд.

Аз ин пеш вазири умури дохилии Македония Митко Чавков аз Иттиҳодияи Аврупо талаб кард, ки дар робита ба мавҷи бузурги муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо чора андешад ва барои Македония сармояи иловагӣ ҷудо кунад. Рӯзи панҷшанбе Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки моҳи июл дар марзҳои иттиҳодия теъдоди рекордии паноҳандагон – 107 ҳазору 500 нафар ҷамъ омаданд.

XS
SM
MD
LG