Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров ва Зариф дар Маскав мулоқот мекунанд


Лавров ва Зариф. 29 августи соли 2014. Маскав

Лавров ва Зариф. 29 августи соли 2014. Маскав

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф, қарор аст, рӯзи 17 август дар Маскав мулоқот кунанд. Вазорати хориҷаи Русия рӯзи 15 август бо эълони хабари ин мулоқот гуфт, Лавров ва Зариф рӯи барномаҳои ҳастаии Эрон ва талошҳои сулҳ дар Сурия тамаркуз хоҳанд кард. Равобити Русияву Эрон дар солҳои охир гармтар шуда, ҳарду кишвар ба сиёсати хориҷии Амрико мухолифат дошта, дар Сурия аз раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад пуштибонӣ мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, Маскав муомилаи ахири ҳастаиро, ки ба Эрон сабук кардани таҳримҳо дар ивази қатъи фаъолиятҳои ҳастаияшро пешниҳод мекунад, ҳамчун боз шудани роҳ барои фурӯши шабакаҳои мушакиаш ба Теҳрон ва даст ёфтан ба қарордодҳои нави тавлиди нирӯи ҳастаӣ дар он кишвар мебинад. Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков рӯзи ҷумъа гуфт, Маскав барои ирсоли шабакаҳои мушакҳои дурпарвози замин ба ҳавои S-300 ба Эрон омода аст ва ҷиҳати лағви ҳарчӣ зудтари таҳримоти зидди Теҳрон кор мекунад.

XS
SM
MD
LG