Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши нақлиёти изофиашро идома медиҳад. Дар эълони нави Бонки миллӣ 19 мошин – 11 мошини сабукрав ва 8 мошини махсус – ба фурӯш “бо нархҳои дастрас аз тариқи музояда ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ”гузошта шуда, гуфта мешавад, ки танҳо ниҳодҳои молиявӣ ҳаққи харидани мошинҳои махсуси инкассаториро доранд. Бонки миллӣ баъди табдили раҳбаронаш дар моҳи май сиёсати сарфаи маблағҳоро пеш гирифтааст ва ҳоло дар ин ниҳоди асосии танзимзари бозори бонкии Тоҷикистон ихтисори штатҳо низ идома дорад. Бино ба ин барнома, қарор аст, то 1 сентябр дар дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон танҳо 492 коргар ва дар шӯъбаҳои минтақавиаш 306 нафари дигар бимонанд.

XS
SM
MD
LG