Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Покистон аз Ҳинд ба ҳалли масъалаи Кашмир


 Мамнун Ҳусайн
Мамнун Ҳусайн

Раисиҷумҳури Покистон дигарбора ба Ҳинд азсаргирии музокироти дуҷониба ба хотири ҳалли масъалаи минтақаи баҳсии Кашмирро пешниҳод кардааст. Мамнун Ҳусайн рӯзи 14 август дар паёми телевизиониаш ба муносибати Рӯзи истиқлоли Покистон гуфт, кишвараш ба асли “ҳамзистии осоишта” бовар дорад, вале агар амнияташ таҳти таҳдид қарор бигирад, гузашт нахоҳад кард. Покистон ва ҳамсояву рақиби суннатиаш Ҳинд собиқаи равобити мушкиле доранд. Онҳо аз замони касби истиқлолашон аз Бритониё дар соли 1947 ду дафъа барои Кашмир ҷанг кардаанд. Ҳарду Кашмирро, ки ҳоло байни Ҳинду Покистон тақсим шудааст, қаламрави худ мешуморанд. Рӯзи 13 август дар марзи Кашмир боз тирандозӣ шудааст. Покистон дар он Ҳиндро гунаҳкор кард ва Ҳинд ба навбати худ – Покистонро.

XS
SM
MD
LG