Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ сафорати Амрикоро дар Ҳавана ифтитоҳ кард


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи 14 август расман сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Ҳавана, пойтахти Кубаро, ифтитоҳ кард. Дари ин сафоратхона 54 сол боз баста буд. Зимнан, ин нахустин сафари вазири умури хориҷаи Амрико ба Куба дар 70 соли ахир аст.

Ҷон Керрӣ дар маросими дубора ифтитоҳ шудани сафорат дар Ҳавана гуфт, ки он ба нафъи ҳам ИМА ва ҳам Куба хоҳад буд ва мардуми Куба ҳарчӣ бештар аз демократияи воқеъӣ бархӯрдор мешаванд, аз демократие, ки дар он ҳар шаҳрванд ҳаққи интихоби раҳбари кишвар ва озодона баён кардани ақидаи худро дорад.

Барои бардоштани парчами Амрико дар фарози Ҳавана се низомие даъват шуданд, ки соли 1961 байрақи Амрикоро дар ин шаҳр пойин карда буданд.

Баъд аз сафари якрӯзаи Ҷон Керрӣ ба Куба дипломатҳои ду кишвар дар мавзӯи густариши робитаҳои иқтисодӣ ва эҳёи кори почтаву парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар музокирот мекунанд.

Сафорати Куба дар Амрико моҳи гузашта ифтитоҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG