Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар мурофиаи сарбозони пойгоҳи 201


Додгоҳи гарнизони ҳарбии рақами 109-и пойгоҳи 201-уми Русия мурофиаи ду сарбози ин пойгоҳро то 25 август мавқуф гузошт. Сарбозони пойгоҳ Илдар Сахапов ва Федор Басимов барои куштори ваҳшиёнаи таксирони тоҷик Раҳимҷон Тешабоев муҳокима мешаванд.

Айни замон, хешу наздикони Тешабоев, ки қаблан аз додгоҳ даъвои ҷуброни моддӣ ва маънавиро дар ҳаҷми 10 миллион рубл мекарданд, ҳоло розӣ ҳастанд, ки барояшон 3 миллиону 70 ҳазор рубл дода шавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеи сарбозон пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 11 август хабар дод. Ба иттилои вакили дифоъ, додгоҳи баъди анҷоми пурсиши шоҳидон ва айбдоршавандаҳо дар фурсати ду ҳафтаи баъдӣ ба баргузории музокираи тарафҳо омодагӣ мебинад.

Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, дар мурофиаи дирӯза Илдар Сахапов омода шудааст, ки ҳамроҳи Басимов 70 ҳазору 210 рубл ҷуброни моддӣ ва маънавиро ба наздикони Раҳимҷон Тешабоев пардозад. Юсупов мегӯяд, додгоҳ ин ҳарфҳои Сахаповро ҳамчун эътироф ба гуноҳи худ қабул кардааст.

XS
SM
MD
LG